Хидматрасониҳои Маркази Тарҷумонии БАЁН

Номгӯи хизматрасониҳо:

·        Тарҷумаи ҳуҷҷатҳо

·        Тарҷумаи матн

·        Тарҷумаи шифоҳӣ

·        Тасдиқи нотариалӣ

·        Машваратҳо

 

Тавсифи фаъолияти ширкат

     Маркази тарҷумонӣ солҳои зиёд хизматрасонии босифат ва фаврии тарҷумаи хаттӣ ва шифоҳиро пешниҳод менамояд. Барои мо тарҷумаи фаврӣ, мураккаб, матни пур аз истилоҳи касбӣ мушкилӣ ба миён намеорад. Мо аз тарҷумонҳои касбӣ, ки таҷрибаи беҳамтои тарҷумаи забоншиносиро  доранд истифода мебарем. Беҳамтоиии ҳар як муштарӣ, ҳар як фармоиш, моро аз рақибон фарқ менамояд, мо сиёсати амиқи нархгузорӣ, назорати хамешагии сифати тарҷумаи пардохтшударо гузаронида, ҳамеша омодаем, ки хоҳиши муштариёнро иҷро намоем.

Ихтисоснокии коллективи мо

Ихтисоснокии коллективи мо дар таҷрибаи тӯлонии корӣ дар соҳаи хизматрасонии тарҷума асос ёфтааст. Мо муносибати алоҳидаро ба ҳар як муштарӣ, бевосита аз ҳаҷм ва миқдори фармоиш кафолат медиҳем. Кормандони  маркази мо ба Шумо тариқи телефонӣ оид ба ҳар гуна масъалае, ки ба тарҷума таалуқ дорад метавонанд машварат диҳанд.

Барои хизматрасонӣ Шумо шодем!

Сифати тарҷума - барои мо дар ҷои аввал меистад. Барои таъмини сифати лозимаи тарҷумаи мо хизматрасониҳои зиёди тамоми коллективро пешниҳод менамоем.

Дар маркази тарҷумонии мо муттахассисони бехтарин дар соҳаи тарҷумаи  хаттӣ фаъолият менамоянд. Бо қабули фармоиш, мо тамоми ҳолат ва талаботи муштариро роҷеъ ба услуб ва истилоҳот, мӯҳлати иҷро ва тартиби тарҷумаро  ба назар мегирем. Тамоми тарҷумаҳо форматкунонии босифатро гузашта ба матни асл то ҳадди максималӣ наздиканд. Маълумот ва маводҳо барои тарҷумаро Шумо метавонед бо тарзи барои Шумо қулай пешниҳод намоед - ба дафтарамон ташриф оред, ба суроғаи электронӣ ё шабакаи интернетии вайбер равон намоед. Аз ҷумла фиристодани фармоиш бо ин сомона имконпазир аст.

 Махфият

Новобаста аз характери тарҷума – хоҳ пешниҳоди тендерӣ бошад, хоҳ шартнома, шиноснома, диплом, баҳогузории шахсӣ ё навиштаҷоти шахсӣ- маркази тарҷумонӣ ӯҳдадор аст махфӣ будани муштарӣ ва ҳуҷҷутҳои тарҷумашавандаро нигоҳ дорад.

 

Барои хизматрасонӣ Шумо шодем!

Тарҷумаи техникӣ

Ширкат тарҷумаи шифоҳӣ ва хаттии  касбиро аз тамоми забонҳои асосии ҷаҳон иҷро мекунад. Аз соли 2009 оғоз намуда бисёера аз ширкатҳо бо мо ҳамкорӣ доранд.

Дастурамалҳо, нақшаҳо, таснифот, каталогҳо

Тарҷумаи ҳуҷҷатҳои техникӣ – яке аз намудҳои мураккаби тарҷума мебошад, ки аз тарафи муттахассисони маркази мо иҷро мешаванд. Он аз иҷрокунандагони тарҷума на танҳо забони тоҷикии босаводона, балки донистани истилоҳотро низ талаб менамояд. Барои таъмини  сифати беҳтарини кор на танҳо муттахассисони ботаҷриба, балки таҳриргарони техникӣ ва машваратчиёни ихтисосашон маҳдудро  ҷалб намудан  зарур аст. Бештари муттахасисони мо маълумоти забоншиносӣ ва маълумоти олии техникӣ дошта, таҷрибаи кории калонро бо матнҳои тахассусӣ доранд. Мо тарҷумаи матнҳои гуногунро анҷом медиҳем:

·        - ҳуҷҷатҳои соҳаи нафту газ (истихроҷ, коркард ва нафту кимиё);

·        - маводҳо оиди металлургия ва мошинсозӣ;

·        - матнҳо оиди энергетика ва электроника;

·        - ҳуҷҷатҳои сотмонӣ;

·        - матнҳо оиди автомобилсозӣ ва техникаи нақлиётӣ.

Тарҷумаи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ

Ширкати МТ-Баён аз соли 2009 фаолият менамояд ва тарҷумаи хаттии касбии ҳуқуқӣ, молиявӣ ва иқтисодиро ба амал мебарорад. Дар миёни бисёри муштариёни мо ширкатҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои молиявӣ низ мебошанд. Мо барои муштариёни нав ҳамеша шод ҳастем.

Тарҷумаи ҳуҷҷатҳои шахсӣ

Агар ҳуҷҷатҳои шахсии асли Тоҷикистон бошад (шиноснома, дипломҳо, дафтарчаҳои меҳнатӣ ва ғайра), ки барои пешниҳод намудан ба муассисаҳои хориҷӣ пешниҳод намудан зарур аст ва ё баръакс ҳуҷҷатҳои хориҷие, ки ба мақомотҳо ва ё муассисаҳои ҶТ пешниҳод мешаванд, тарҷумаи нотариалӣ (ва ё тайид (апостил)) зарур аст. Коргарони Маркази тарҷумонии Баён метавонанд ба Шумо хизматрасониҳои мазкурро дар сатҳи баланд пешниҳод намоянд.

Тайииди ҳуҷчатҳо

Тарҷума ва тасдиқи ҳуҷчатҳо

Бисёре аз муассисаҳое, ки ба онҷо ҳуҷҷатҳо бо забони хориҷӣ пешниҳод мегарданд, тасдиқи нотариалии ҳуҷҷатҳоро талаб менамоянд. Ба истиснои хизматрасониҳои лингвистикӣ, Ширкати тарҷумонии «Мт-Баён» амалиётҳои вобаста ба тасдиқи  нотариалиро низ ба ҷо меорад. Муштариёни корпоративии ширкати мо метавонанд аз чунин хизматрасонии тасдиқи нотариалӣ истифода намоянд. Шахсони алоҳида низ имконияти тарҷума ва тасдиқ намудани ҳуҷҷатҳоро ба таври фаврӣ доранд. Мо ҳамеша кӯшиш менамоем, ки тамоми талаботҳои муштариёнро қаноатманд намоем ва омода ҳастем ба ҳар як муштарӣ барои тарҷума ва тасдиқи ҳуҷҷатҳояш кӯмак расонем.  

Тарҷума бо тасдиқи нотариалӣ

Ҳуҷчате, ки ба таври нотариалӣ тасдиқ намуда мешавад, аввалан тарҷума шуда бо ҳуҷҷате (асл ё нусха), ки аз рӯи он тарҷума шудааст, махкам карда шуда, бо матн, мӯхр ва имзои нотариус тасдиқ намуда мешавад. Дар саҳифаи охири тарҷума матни нотариус навишта мешавад, ки дар онҷо имзои тарҷумонро тасдиқ менамояд. 

Ройгон:

  • Қабул ва расондани фармоишҳо дар шаҳри Душанбе
  • Пешниҳоди нусхаи тарҷума ба воситаи почтаи электронӣ, флешкорт, диск
  • Нусхаи аслии тарҷумаи ҳаҷми калон дар: СD-дискҳо, DVD-дискҳоЮ воситаҳои шабакаҳои интернетӣ, почтаи электронӣ.

 

 

 

 

 

 

 

 

ҲОЗИР ДАР СОМОНА

Сейчас 43 гостей и ни одного зарегистрированного пользователя на сайте

МЕҲМОНОНИ СОМОНАИ МО

304145
Имрӯз
Дирӯз
Ин ҳафта
Ҳафтаи гузашта
Ин моҳ
Моҳи гузашта
Дар умум
74
238
312
300692
12401
49095
304145

IP-и шумо: 54.196.47.128
2017-11-20 03:54